Get Adobe Flash player

postheadericon Барқияи табрикӣ ба Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов

13 феврали соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Гурбонгулӣ Маликгулиевич,

Ба муносибати пирӯзии комили Шумо дар интихоботи навбатии Президенти Туркманистон табрикоти самимии маро қабул фармоед.

Аз нав интихоб шудани Шумо ба ин маснади масъули давлатӣ баёнгари возеҳи эътимоди баланди мардум нисбат ба роҳи сиёсие мебошад, ки таҳти роҳбарии Шумо ба хотири шукуфоии бемайлони кишвар ва некуаҳволии мардуми он мавриди татбиқи амалӣ қарор дорад.

Итминон дорам, ки дар давраи нави фаъолияти президентии Шумо муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Туркманистон минбаъд низ ба нафъи ду давлат ва мардумонашон таҳкиму рушд хоҳанд ёфт.

Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, Гурбонгулӣ Маликгулиевич, тансиҳатии комил ва комёбиҳои нав дар фаъолияти давлатиатон ва ба мардуми Туркманистон сулҳу ободӣ таманно дорам».

http://mfa.tj/tj/khabar-va-ruydodho/barqiyai-tabriki-ba-prezidenti-turkmaniston-gurbonguli-berdimuhamedov.html

 

postheadericon Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Роҳбари Минқавии дипломатияи боздоранда

13 феврали соли 2017 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хоҳиши Маркази минқавии дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ дар Ашқобод  вохўрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ашқобод Фаррух Шарифзода бо Намояндаи махсуси Котиби Генералии СММ, Роҳбари ин Марказ Петко Драганов баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкории СММ ва ниҳодҳои он бо Тоҷикистон, аз ҷумла ҳамкорӣ дар чаҳорчўби қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028», вазъияти фавқулоддаи ба амал омада дар минтақаҳои осебдида аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ва мубориза алайҳи терроризмро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

postheadericon ОБЪЯВЛЕНИЕ

С 13 ФЕВРАЛЯ 2017 ГОДА КОНСУЛЬСКАЯ СЛУЖБА

ПОСОЛЬСТВА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

В ТУРКМЕНИСТАНЕ ОБЪЯВЛЯЕТ О ПРИЕМЕ ДОКУМЕНТОВ НА ОФОРМЛЕНИЕ БИОМЕТРИЧЕСКИХ ЗАГРАНИЧНЫХ ПАСПОРТОВ ДЛЯ ГРАЖДАН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН, ПОСТОЯННО ПРОЖИВАЮЩИХ НА ТЕРРИТОРИИ ТУРКМЕНИСТАНА

Консульская служба Посольства

Для получения подробной информации звоните по номеру: +(993 12) 481845